То субҳи имрӯз ба ҷонибдории номзади пешбаришудаиҲизби коммунисти Тоҷикистон, муовини аввали раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба мансаби президентӣ беш аз 27 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда шуд.
Исмоил Талбаков дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сабаби нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудани имзоҳо ба ҷонибдории ӯ аз дигар аҳзоби сиёсӣ дертар барпо шудани анҷумани ҳизб аст.
Ба қавли ӯ, айни замон дар саросари кишвар барои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади пешбаришуда аз ҲКТ 465 гурӯҳи ташаббускор таъсис дода шудааст. «То муҳлати пешбинишуда – 7-уми октябр шумори зарурии имзоҳо (210 ҳазор) барои бақайдгирии номзадҳо ҷамъоварӣ хоҳад шуд», - изҳори итминон кард ӯ.
Талбаков зикр кард, ки ситоди ӯро раиси ҲКТ, вакили палатаи поёни парлумон Шодӣ Шабдолов сарварӣ намуда, ба ҳайати он ходимони намоёни ҳаракати коммунистии Тоҷикистон шомиланд.
«Барномаи пешазинитихоботии ман омода буда, аз ҷониби анҷумани ҲКТ маъқул шуморида шуд. Бунёди давлати дорои «симои инсонӣ», таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, таҳсил ва хизматгузории тиббии ройгон ва фароҳам овардани ҷойҳои кории шоиста асоси барномаро ташкил медиҳад», - таъкид дошт Талбаков.
Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста