Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин робита раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба раисони кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ҷиҳати омодагирӣ ба гуфтушунидҳои байнипарлумонӣ супориш дод.
«Бо дархости мо ба ҳайати Русия сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Константин Ромодановский шомил гардида, ман аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархост мекунам, ки ҷараёни иҷрои созишномаву қарордодҳои баимзорасида дар бахши муҳоҷират миёни кишварҳоро мавриди таҳлили дақиқ қарор бидиҳанд», - гуфт Зуҳуров.
Зимни сафари расмии раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикисион дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста