То ин замон ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ситоди пешазинтихоботии номзад Абдуқаюми Қаюмзод хабар дод, тибқи маълумоти ахири имрӯза аз тамоми ситодҳои пешазинтихоботӣ дар шаҳру навоҳӣ, шумори умумии имзоҳои гирдоваришуда 110 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Субҳи имрӯз корманди ситоди пешазинтихоботӣ Раҳматулло Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки то имрӯз ҳамагӣ 49 ҳазору 772 имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Ба гуфтаи Қаюмзод, ин маълумоти ду рӯзи қаблӣ буда, имрӯз шумори имзоҳо дақиқан ҳисоб карда шудаанд ва дар давоми ду рӯз ба ҷонибдории Бобоназарова 60 ҳазору 278 имзо гирдоварӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати ниҳоии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ то 7-уми октябр таъин шудааст, аммо дар КМИР дароз кардани ин муҳлатро аз эҳтимол дур намедонанд.