Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл Глосро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳарду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳарду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.
Михаэл Глос изҳор дошт, ки Олмон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста