Дар Душанбе анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дар анҷуман бо иштироки беш аз 1 ҳазор нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ҳузур надорад.

Ду соат қабл аз оғози кори анҷуман дар толори Филармонияи давлатӣ намоишгоҳи дастовардҳои иқтисоди миллӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ доир гардида, вакилон бо комёбиҳои ҷумҳурӣ дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва тандурустӣ шинос шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷмани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.