Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Гуфта мешавад, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми намоён мегузоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста