Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин шоми 6-уми октябр бо сафари дурӯза расмӣ ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ба қавли ӯ, субҳ С.Наришкин назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид мекунад. «Нимаи дуюми рӯз раиси Думаи давлатии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад», - иброз дошт номбурда.
Султонов ҳамчунин изҳор кард, ки тибқи барномаи сафар Наришкин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард. Дар ин муассисаи таълимӣ ба ӯ унвони доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон супурда мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки шоми рӯзи 7-уми октябр раиси Думаи давлатии Русия аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста