Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров рӯзи 4-уми октябр бо изҳороте ба президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки аз интихобот дар маъракаи интихоботи президентӣ даст кашида, ба нақзи Конститутсияи кишвар роҳ надиҳад.
Дар саҳифаи Зойиров дар шабакаи Фейсбук дар ин робита зикр мегардад, ки вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб карданд, ки ин ин шикаст ва инкори Конститусия мебошад, азбаски Э. Раҳмон дигар ҳуқуқи номзад ба мақоми президентӣ шуданро надорад.
«Хабар расид, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат гирифтааст, яъне ҳоло ин амали ғайриконститутсионӣ на аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, балки ҲХДТ содир шуд», - менависад сиёсатмадор.
Бо ёдоварӣ аз қисми 2-юми моддаи 42-и Конститутсияи Тоҷикистон раиси ҲСДТ қайд мекунад, ки надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад. «Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва инчунин Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Тибқи иттилои мавҷуда, то имрӯз Э.Раҳмон ба ин пешниҳодҳо ҳам ризоияти худро надодааст», - баён мегардад дар навиштаи Зойиров.
Дар хотима Р.Зойиров ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунад, ки тибқи моддаи 64 Конститутсияи ҶТ, яъне ҳамчун кафили Конститутсия ва он арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роҳ надиҳад. «Вазифаи президентӣ аз Конститутсия, қонуният ва адолати иҷтимоӣ боло буда наметавонад!», - илова намудааст раиси ҲСДТ.
Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.
Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста