Имрӯз, 7-уми октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаи тамдид намудани муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳои пешбаришуда ба мансаби президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти КМИР, зимни ҷаласа роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев гузориш дода, зикр намуд, ки муҳлати муқаррашудаи ҷамъоварии имзоҳо имрӯз ба охир мерасад.
Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КМИР пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мавриди омӯзиши гуруҳи кории КМИР қарор гирифт.
Дар ин раванд аз ҷониби 3 ҳизби сиёсӣ ба КМИР мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки дар онҳо дархост оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо иброз гардидаанд. Пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар КМИР мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шуд.
Ин иқдоми КМИР танҳо ба хотири таъмини интихоботи демократию озод ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо иштироки васеи номзадҳои пешбаригардида бо мақсади таъмини интихоботи алтернативӣ равона карда шудааст.
Сипас КМИР дар асоси дархости хаттии Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳравандон ба тарафдории номзадҳои пешбаришаванда то соати 18 00 рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид карда шуд.
Инчунин, ба ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тавсия карда шуд, ки ҷамъоварии имзоҳоро то соати 18 00 рӯзи 10 - уми октябри соли 2013 ба охир расонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста