Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешабришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст.
Раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати шумори имзоҳои зарурӣ (210 ҳазор) ба КМИР аз ҷониби се ҳизб – ҲХДТ, ҲАТ ва ҲИИТ пешниҳод шудаанд.
Ба қавли Додоев, шоми имрӯз КМИР санҷиши интихобии имзоҳои аз ҷониби ин ҳизбҳо ба дастгириии номзадҳо аз ҲХДТ – Эмомалӣ Раҳмон, ҲАТ – Толиббек Бухориев ва ҲИИТ – Олимҷон Бобоевро ба итмом расониданист.
«Агар дар варақаҳои имзои аз ҷониби ин аҳзоб пешниҳодшуда иштибоҳоте пайдо нашаваду нисбат ба онҳо мо саволе надошта бошем, пагоҳ мо онҳоро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба қайд мегирем», - иброз дошт ӯ.
Бо такя ба маълумоти расида аз ситодҳои номзадон аз ҲКТ (Исмоил Талбаков), ҲДТ (Саидҷаъфар Исмонов) ва ҲСТ (Абдуҳалим Ғаффоров), Додоев зикр кард, ки рӯйхати имзоҳо аз ҷониби онҳо шоми имрӯз ё субҳи рӯзи дигар ба КМИР пешниҳод мегарданд.
«Тибқи талаботи қонунгузории кишвар, КМИР маросими расман бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентиро бояд 25 рӯз қабл аз санаи баргузории интихобот (6-уми ноябр), яъне то соати 18:00-и рӯзи 11-уми октябр ба итмом расонад. Мо мутмаинем, ки то ин сана ҳамаи номзадҳоеро, ки ба ҷонибдории худ 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд, ба қайд мегирем», - изҳор кард роҳбари Дастгоҳи КМИР.
Ёдрас мекунем, ки пас аз қарори КМИР дар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тасмим гирифта шуд , ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста