Раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ шурӯъ аз субҳи имрӯз шахсан ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазади пешбаришуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова оғоз намуд.
Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки ин замон Муҳиддин Кабирӣ дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур қарор дошта, аз сокинони кӯчаи Репин имзо ҷамъоварӣ мекунад.
«Қарори КМИР дар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои мо каме дермонда ба назар мерасад, зеро рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта мо ба хотимаи ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо оғоз намуда будем», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт, ки дар он ҷо фаъолони ҲНИТ ба ҷамоварии имзоҳо машғуланд, тамоили шиноснома бо худ надоштани шаҳрвандон ба назар мерасад, ки ба таври имконпазир метавонистанд аз номзади ҲНИТ дастгирӣ намоянд.
«Масалан, дар микрорайони 46-ум ва Гулбутта раисони кумитаи маҳаллаҳо шиносномаҳои шаҳрвандонро барои дастгирии дастаҷамъонаи кадом як номзаде ҷамъоварӣ кардаанд ва алҳол онҳоро ба сокинони маҳаллаҳо барнагардонидаанд», - зикр кард М.Ҳайит.
Сарфи назар аз ҳамаи ин ҳолатҳо, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзади ҲНИТ изҳори итминон кард, ки то субҳи рӯзи 10-уми октябр ба КМИР миқдори зарурии имзоҳо (210 ҳазор)-ро пешниҳод хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста