Пас аз қарори КМИРдар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тасмим гирифта шуд, ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад.
Раиси ҲНИТ, узви ИНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар баробари ҲСДТ ва чанде аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намуд, ки дар ҷамъоварии имзоҳо аъзои гурӯҳи кори ИНИТ ва роҳбарони иттиҳодияҳову аҳзоб низ ширкат варзида, ба ин раванд бештар суръат бахшида шавад.
КМИР ҶТ бо дархости Ҳизбҳои коммунист, сотсиалистӣ ва демократ муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро дароз намуда, вале дар ҲКТ, ҲДТ, ҲСТ ва ҲИИТ тасдиқ мекунанд, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилие надоранд.
Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита, то кунун ба ҷонибдории пешбарии номзади ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов беш аз 196 ҳазор, номзади ҲИИТ Олимҷон Бобоев аллакай беш аз 210 ҳазор, номзади ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров зиёда аз 198 ҳазор ва номзади ҲКТ Исмоил Талбаков беш аз 206 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.
Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.
Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста