Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки КМИР ба баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надорад.
Дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар ин робита ӯ зикр кард, ки «муҳлат барои он дароз карда мешавад, ки сипас раҳбарии кишвар ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супурда шавад». «Ҳатто агар ба КМИР бо чунин дархост муроҷиат карда бошанд ҳам, он набояд қабул мешуд, зеро ин мухолифи қонун аст», - иброз дошт ӯ.
Ш.Ҳакимов мутмаин аст, ки барои роҳ надодан ба қонушиканӣ, ИНИТ бояд аз иштироки минбаъда дар ин раванд даст кашида, ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон кунад, «зеро имрӯз барои маҳрум кардани мардум аз интихоботи демократӣ монеъаҳои гуногун эҷод шудаанд».
«Мувофиқи қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», пешбарии номзадҳо то 50 рӯз аз санаи интихобот оғоз гардида, на дертар аз 30 рӯз то ин сана ба анҷом мерасад, яъне 7-уми октябр ин муҳлат ба охир расид. Мутаносибан КМИР ба риоя накардани ин муқаррароти қонун ҳуқуқ надорад. Ман дастгирӣ намудан аз эълони таҳримро пешниҳод мекунам, зеро барои баргузории интихоботу шаффофу демократӣ ҳеҷ шароите мавҷуд нест. Ҳозир чун дар давраи Раҳмон Набиев муҳлатро дароз мекунанд ва Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат шуда, корҳои муайяне анҷом дода мешаванд. Сарвари давлат аллакай аз аксари манотиқи ҷумҳурӣ боздид намуда, бисёре аз ин сафарҳо ба интихобот марбут буданд. Номзадҳои дигар чунин имконият надоранд ва идомаи ин маърака ҳеҷ маъние надорад», - зикр кард Ҳакимов.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар қонун муҳлати бақайдгирии номзадҳо муқаррар шудааст, ки «дар муддати се рӯз аз замони расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва на дертар аз 25 рӯз то интихобот» амалӣ мешаванд. «Дар қонун муҳлати ҷамъоварии имзоҳо муайян нашуда, дар бораи муҳлати бақайдгирии номзадҳо сухан меравад, ки ин муҳлат ҳоло риоя мешавад», - гуфт дар ин робита раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.
Дар натиҷа иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса расиданд, ки ин қарор аз ҷониби КМИР қабул шуда, масъулияташ ҳам пурра ба дӯши он вогузор аст. Дар ин робита бо аксари кулли овозҳо тасмим гирифта шуд, ки ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ягона идома дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста