Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома меёбад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳр меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.
Дар боғи наздикии фурӯдгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишҳои бошукӯҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасид. Беш аз ҳама Кӯҳистони Бадахшон, албатта бо себҳои хушлаззаташ, ки 67 намуди он дар ин вилоят парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.
Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон ҳамчунин бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастур ҳидоятҳо дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста