Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро, ки ваколатҳояш дар кишвари мо ба итмом мерасанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, М.Убайдуллоев ба сафир барои кори пурмаҳсули дипломатиаш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистону Эронро ҳалқаҳои ягонаи фарҳангиву таърихӣ, забонӣ ва дӯстиву бародарӣ бо ҳам мутттаҳид месозанд.
Зимни мулоқот раиси палатаи болоии парлумони кишвар изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва дигар самтҳо ба манфиати ҳарду кишвар густариш хоҳанд ёфт.
Дар навбати худ А.Шеърдӯст ба намояндагони парлумони Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзи сипос намуда, таъкид кард, ки ӯ минбаъд низ ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои дӯсту бародар дар тамоми ҷабҳаҳо мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста