Соати 15:00-и имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон номзадии раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи ҲКТ Исмоил Талбаков ва раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба қайд гирифтанист. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд.
Қаблан бо қарори КМИР раиси ҲХДТ, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи ҲАТ, академик Толиббек Бухориев ва раиси ҲИИТ, профессор Олимҷон Бобоев расман ҳамчун номзад ба мақоми президенти мамлакат ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимоди онҳо, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шуданд.
Имрӯз соати 18:00 ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳои пешбаришуда ба мансаби президентӣ ба охир мерасад.
«То ин замон ситоди пешазинтихоботии номзади аз ҲНИТ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова бояд ба КМИР 210 ҳазор имзои интихобкунандагон ба ҷонибдории номзадашонро пешниҳод кунанд ва соати 18:00-и пагоҳ муҳлати бақайдгирӣ ба итмом мерасад», - гуфт як манбаъ аз КМИР.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста