Номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова то субҳи имрӯз 210 ҳазор шумори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худро ҷамъоварӣ карда натавонист. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод.
Ба қавли Додоев, имрӯз узви КМИР аз ҲНИТ ба ӯ изҳор намудааст, ки номзад Ойниҳол Бобоназарова аз маъракаи интихоботи президентӣ хориҷ мешавад.
Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол чизи мушаххасе дар ин бора гуфта наметавонад. Ба қавли ӯ, ин масъала нимаи имрӯз дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ баррасӣ хоҳад шуд.
Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз, 10-уми октябр соати 18:00 муҳлати расмии муқарраршуда барои пешниҳоди имзоҳо ба КМИР ба ҷонибдории номзадҳо ба итмом мерасид. Шоми рӯзи панҷшанбе КМИР ба ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова иҷозат дод, ки рӯйхати имзоҳоро то субҳи имрӯз пешниҳод намоянд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, чанде қабл аз ба охир расидани муҳлати расмии пешниҳоди имзоҳо ба КМИР аз ситоди Бобонзарова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки «ҷараёни ҳисоби имзоҳо босуръат идома дорад».
Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста