Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзии комалаш дар интихоботи президенти Озарбойҷон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфта, «аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо роҳбарии Шумо пешгирифташуда аст, ки мақсад аз он шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он мебошад».
«Аминам, ки дар давраи нави президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Озарбойҷон минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо мустаҳкам мегарданд ва густариш меёбанд. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи чораҳои заруриро мебинад», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон рӯзи 9-уми октябр президенти амалкунандаи Озарбойҷон Илҳом Алиев 91,5% раъйи интихобкунандагонро ба даст овард. Шумори номзадҳо ба мақоми президенти Озарбойҷон 10 нафарро ташкил медод. Дар ин мамлакат интихоботи президентӣ маротибаи панҷум доир мегардад. Дар Озарбойҷон 5,141 млн. нафар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста