Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матибуоти сарвари давлат, нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин ҷамоат, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буда, аз замони шӯравӣ то имрӯз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 нафар хонандагон 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари бозор мерафтанд.
Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар 2 баст фаро гирифта шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста