Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бароои баррасии ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ситоди Бобоназарова пешниҳодшуда омода буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дод.
Ӯ таъкид дошт, ки дар доираи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ба ҷонибдориаш ҷамъоварӣ менамуд, вале бино ба маълумоти ситоди Бобоназарова ба тарафдории ӯ каме бештар аз 201 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, раиси КМИР зикр кард, ки агар аз ҷониби ситоди Бобоназарова ҳуҷҷатҳои дар даст доштаашон пешниҳод мегардиданд, онҳо дар давоми рӯз тибқи тартиботи муқаррашуда баррасӣ шуда, аз рӯйи онҳо қарори дахлдор қабул мегардид, вале раиси КМИР дар бораи кадом қарор сухан рафтанро мушаххасан нагуфт.
Тавре қаблан хабар дода будем, номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ОйниҳолБобоназарова шумори зарурии имзҷамъовари карда натавониста, аз маъракаи интихоботӣ хориҷ шуд.
Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста