Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷараён доранд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов хабар дод, чанде қабл «Рӯзҳои ҲХДТ» дар ноҳияи Ашт доир гардиданд. «Бо мақсади ҷалби аъзои нав ба сафҳои ҲДТ ва ба мардум шарҳ додани ҳадафҳои ҳизб ин чорабинӣ дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия баргузор гардида, дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеаи муосир» мизи гирд ва дар мавзӯи «Қонуни конститутсонии ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» семинар барпо шуд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Юнусов, дар доираи Рӯзҳои ҲХДТ аъзои кумитаи вилоятии ҳизб мустақиман дар саҳро низ чорабиниҳо барпо карда, ҳамзамон дар ҷамъоварии пахта ба кишоварзон ёрӣ расониданд. «Шомгоҳон дар варзишгоҳи ҷамоати Ифтихор бо иштироки ҳунармандони шинохтаи вилоят намоиши пуршукӯҳ созмон дода шуд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки айни замон шумори аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ашт беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳияи Ашт ҳаштумин ноҳияест, ки дар онҳо Рӯзҳои ҲХДТ баргузор шуданд. Ҳафтаи оянда ҲХДТ ният дорад, ки ин чорабиниро дар шаҳрҳои Қайроқум, Чкаловск, Истиқлол ва нҳияи Ғончӣ доир намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста