Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск, ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии госпитал ва роҳбарияти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҷароҳатбрадоштагон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ба ҳамаи осебдидагон аз садамаи қатора дафтарчаҳои амонатгузории БДА «Амонатбонк» бо маблағи ирсолшудаи 1 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд . Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.
Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст. Роҳиоҳанчиёни ӯзбек эътироф намудаанд , ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир дар ин қитъаи роҳ огоҳ накардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста