Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ бо интихобкунандагон оғоз мегардад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин вохӯриҳо то 1-уми ноябр ҷараён хоҳанд дошт.
Ба гуфтаи ӯ, нимаи аввали имрӯз дар КВД маркази равобити «Пойтахт» вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад. «Дар ин вохӯриҳо ба ҷуз номзадҳо ба мансаби президентӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, ҳамчунин раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён низ ширкат меварзад», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯз соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вохӯрии номзадҳо ба мансаби президентӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар назар аст.
Додоев хотиррасон намуд, ки бо қарори КМИР, баргузор намудани чунин вохӯриҳо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои мутаалиқ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронидани онҳо манъ аст.
Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста