Нимаи дуюми рӯзи 16-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии фаъолияти САҲА – сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳам гуманитарию дигар самтҳо изҳори қаноат карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, аз ҷумла дар вобастагӣ бо вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Леонид Кожара изҳор дошт, ки бо назардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ин минтақа САҲА, аз ҷумла дар давраи раёсати Украина дар он, аз нақшаю тадбирҳои судбахши кишвари мо пуштибонӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста