Дар вохӯрии чанде қабл бо интихобкунандагони ноҳияи Синои пойтахт номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз 2 то 1 сол кам карданист.
Ғайр аз ин, ӯ ваъда додааст, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихоботи президентӣ, нисбат ба ҷудосозии дин аз давлат ва мактаб аз масҷид «чораҳои қатъӣ» хоҳад андешид. «Мардум бояд донад, ки муллогӣ касб нест ва бо хондани дуову ибодат таъмин кардани рӯзгори оила худ як гуноҳ аст», - иброз доштааст муовини раиси ҲКТ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар сурати ғалаба ишғоли мансабҳои давлатӣ барои хешону наздиконашро манъ мекунад. Ба андешаи ӯ, даромади сарвари давлат ва дастаи ӯ бояд ҳарчи бештар шаффоф бошанд.
«Ба сифати президент ман оид ба қабули қонун «Дар бораи масъулияти фарзандон дар нигоҳубини падару модарони пиронсол» ташаббус нишон медиҳам. Ғайр аз ин, ман ният дорам, ки назорати шиносномавӣ дар пойтахтро пурзӯр намуда, шахсони аз манотиқи кишвар ба Душанбе омадаву бо меҳнати ғайриқонунӣ ва ба дуздиву гадоӣ машғулро аз шаҳр хориҷ созам», - гуфтааст ба интихобкунандагон Талбаков.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста