Дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ хоҳанд кард. Дар Қӯрғонтеппа аз рӯи натоиҷи маҷлиси ғайринавбатии фаъолони ҷамъият аз 12 ноҳияи вилоят дар ин хусус қарор қабул шуд.
Дар ҷараёни маҷлис ба роҳбарони ҷамъияти ӯзбекон дар шаҳру навоҳии вилоят супориш дода шуд, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотӣ миёни аҳолии ӯзбекзабонро ба роҳ монанд.
Муовини раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон Бӯрибой Парпоқов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки ба ҷуз президенти амалкунанда, онҳо дигар номзади шоистаеро ба ин мансаб намебинанд.
«Аз номзадҳои дигар мо ба хубӣ огаҳ нестем ва ба ҷонибдории онҳо овоз намедиҳем. Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки якдилона аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунад», - гуфт Парпоқов.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста