Номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдории худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист, бар ин назар аст, ки сабаби аслии ба ин ҳолат дучор шудан оғози маъракаи бузургмиқёси бадномкунии ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон аст.
Дар изҳороти худ дар ин робита, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардидааст, ӯ изҳор мекунад, ки мушкилии асосии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ ба дӯши ҲНИТ вогузор гардида буд.
«Боздошти намоишкоронаи чанде аз фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои ташаббускор, талаби пешниҳоди рӯйхати аъзои ҳизб ва санҷиши имзоҳои ғуншуда як қисмате аз иқдомоти тарҳрезишуда буданд, ки ҳадафи ниҳоиаш ба ҳарос андохтани интихобкунандагон аз оқибатҳои ҷонибдории ман буданд», - зикр кардааст ӯ.
Ба қавли вай, таҳлили вазъ гувоҳи он аст, ки ин амалҳо то ҳанӯз идома доранд ва боздошту ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ месозад.
«Барои ба даст овардани овозҳо ба ҷонибдории номзади худ ва ҳамзамон кам кардани таваҷҷуҳи мардум ба номзадии ман ҳукуматдорон аз таҳдиду дурӯғгӯӣ ва фиреб ҳам истифода карданд. Ба андешаи мардум чунин тасввуроте ҷой дода мешуд, ки дар сурати дастгирӣ кардани чунин нерӯҳо такрори ҳодисаҳои хунрезиву даргириҳои соли 90-уми асри гузашта аз эҳтимол дур нест. Тасмими иштироки ман дар интихобот ҳаргиз маънои нодида гирифтани риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби КМИР ва чашмпӯшӣ аз нақзи ҳуқуқи интихобкунандагонро надошт», - гуфтааст ӯ.
Мушкилоти дигари даст наёфтан ба ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳоро Бобоназарова ба он рабт медиҳад, ки КМИР ғайриқонунӣ муҳоҷирони кориро аз ҳуқуқи имзо ба ҷонибдории номзадҳо маҳрум намуд, ҳарчанд онҳо ба шумори умумии интихобкунандагон шомиланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста