Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба муносибати раёсати Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон як мизи гирд доир гардид.
Толори сафоратхона бо мизҳои пур аз мева ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон ороста шуда буданд. «Интизорӣ меравад, ки соли 2014 нишасти СҲШ дар Душанбе аввали тирамоҳ доир мегардад ва ин ҷо мо аз меваҳои тару тозаи Тоҷикистон намунаҳо пешкаш кардем, ки маҳз аввали фасли тирамоҳ Тоҷикистон аз онҳо саршор аст», - изҳор намуд ба ҳозирин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов.
Дабири кулли СҲШ Мезентсев ба ташкили ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ (Душанбе, 9-11-уми октябр) баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими СҲШ дарёфти роҳу воситаҳои ташаккули стратегияи рушди созмон дар даҳсолаи наздик мебошад.
Директори Пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академия илмҳои ҷамъиятӣ профессор Ли Юнсюан пешниҳод кард, ки мебояд як қатор чорабиниҳо аз қабили мизи гирду конфронсу сипозиумҳо доир намуд, то ки олимони кишварҳои узви созмон оид ба тарзу воситаҳо ва чӣ гунаву ба кадом самт рушд кардани созмон табодули назар кунанд.
Бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод роҳбари департаменти лоиҳаҳои махсуси Радиои байнулмилалии Чин Фан Бинбин зикр кард, ки ҷалби ҳарчи бештари васоити ахбори умум ба инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти СҲШ мвофиқи мақсад аст. «Табодули маълумот зарур аст, то ки он барои ҳама дастрасу дар тамоми кишварҳо паҳн шавад», - иброз дошт ӯ.
Дар ҷараёни кори мизи гирд оид ба фаъолияти минбаъда ва рушди СҲШ чандин ақидаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд, ки шояд ояндаи наздик ҷомаи амал пӯшанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста