Имрӯз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ таҳияи рӯйхати интихобкунандагон дар қитъаҳоро ба итмом расонида, аз пагоҳ, 23-юми октябр ба шаҳрвандони ба овоздиҳии пеш аз муҳлат имкон дода мешавад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зимни гирифтани варқаи овоздиҳӣ интихобкунанда муқобили ному насбаи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо гузошта, шакли варақаи интихоботӣ аз ҷониби КМИР муайян карда мешавад.
«Шаҳрванде, ки хоҳиши пеш аз муҳлат овоздиҳиро дорад, бояд ба комиссияи интихоботии қитъавӣ ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи дар рӯзи интихобот дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур надоштани худро пешниҳод намояд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Додоев, билетҳои парвоз тариқи ҳавопаймову сафар тавассути роҳи оҳан, варақаҳои маъмурии сафари хидматӣ, нома аз корхона бобати ба сафари хидматӣ равона гардидани корманд ва шиноснома аз ҷумлаи ин ҳуҷҷатҳоянд.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста