Мушкилоти шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи масоили камтарине мебошанд, ки интихобкунандлгон ба он таваҷҷуҳ дошта, зимни вохӯрӣ бо номзадҳо ба мансаби президентӣ дар бораи он ибрози андеша мекунанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Исмоил Талбаков дар ин робита изҳор намуд, ки мардум аз афзоиши сатҳи коррупсия миёни мансабдорони давлатӣ нигаронии зиёд дошта, дархост мекунанд, ки мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ҳарчи бештар пурзӯр карда шавад.
Имрӯзҳо Талбаков бо интихобкунандагони вилояти Суғд вохӯриҳо мегузаронад. Ӯ таъкид дошт, ки дар маҳалҳо соҳибкорон аз он шикоят кардаанд, ки ҳукуматдорон онҳоро ба маблағгузории чорабиниҳои хайрия маҷбур сохта, дар натиҷа аксари онҳо ба муфлисӣ дучор шудаанд.
«Ғайр аз ин, аз қонунгузории нави андоз ва санҷишҳои ғайримунсифонаи кормандони мақомоти санҷишӣ низ шикоятҳо бисёр аст», - гуфт ӯ.
Талбаков гуфт, ба андешаи аксари интихобкунандагон, Кодекси нави андози соли гузашта қабулшуда сарбории соҳибкорон аз андозро сабук накарда, баръакс, сарбориро бештар намудааст, ки дар навбати худ ба қатъи фаъолияти соҳибкории чанде аз тоҷирони ватанӣ боис гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста