Сафари расмии президенти тозаинтихоби Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон аввали моҳи ноябр дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳадаф аз сафари мазкур таҳкими муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон унвон мешавад ва дар гуфтушунидҳо маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Эрон иншооти бузурге бунёд шуда истодаанд, ки сарони кишварҳо дар ин маврид табодули назар хоҳанд кард. «Дар гуфтушунидҳо баррасии мушкилоти комилан ба анҷом расонидани сохтмони нақби «Истиқлол» ва пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз эҳтимол дур нест», - гуфт манбаъ.
Ғайр аз ин, Эрон дар амалисозии лоиҳаҳо дар бахши нақлиёт дар Тоҷикистон манфиатдор аст. Дар ин самт метавон аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ном бурд, ки аввали ҳафтаи равон ин масъала мавриди барррасии сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе қарор гирифта буд.
Қобили зикр аст, ки тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 229 млн. 575,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33% бештар аст. Дар зарфи 9 моҳ ҳаҷми содирот ба 95,7 млн. $ ва воридот аз Эрон ба 133,8 млн. $ баробар шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста