Пас аз интихоботи президентӣ рӯйхати имзоҳои ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ҷамъоваришуда сӯзонида хоҳад шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод.
«Мо намехоҳем, ки имзоҳо ба дасти шахсони бегона афтанд. Зимни маъракаи имзоғундорӣ дар чанде аз минтақаҳо ҳукуматдорон талаб карданд, ки онҳоро ба варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо шинос намоем, якчанд варақаҳо дарронидаву гум шуданд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо сӯзонида шуда, ин иқдом дар васоити ахбори умум инъикос хоҳад ёфт.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста