Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белорус иштирок намуда, ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Минск аз 17 лоиҳаи аснод иборат аст, ки ба танзими масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун нигаронида шудаанд.
Дар ҷаласа аз ҷумла баррасии масоиле аз қабили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), соли 2015-ро дар доираи ИДМ эълон намудани Соли собиқадорони ҶБВ ва таъсиси мукофотҳои ягона ба муносибати ин ҷашн дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста