Рӯзи 25-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти мтабуои сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон Белорус ҷамъ омаданд.
Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгироии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардид. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гардид.
Тавре зикр гардид, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.
Пас аз анҷоми кори ҳамоиш шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста