Дар мулоқоти рӯзи 28-уми октябр бо интихобкунандагони шаҳри Қӯрғонтеппа номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков пешниҳод намуд, ки санаи 7-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи ягонагии миллат эълон гардида, ҳамасола ҷашн гирифта шавад.
«Сарфи назар аз пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, мо атрофи ӯ муттаҳид гардида, умедворем, ки ӯ з ҳам аз мо ҷудоӣ намеҷӯяд», - иброз дошт ӯ.
Дар Қӯрғонтеппа вохӯрии дигар номзадҳо ба мансаби президентӣ ва шахсони боэътимод бо аҳолӣ баргузор шуда, онҳо дар бораи барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров аз камбудиҳои Кодекси андози ҷумҳурӣ ва ба бозбинӣ ниёз доштани он ҳарф зада, иброз дошт, ки имрӯз беш аз 85%-и буҷет аз ҳисоби андозҳои соҳибкорони хурду миёна ҷамъоварӣ гардида, мутаассифона, як қисмати андозсупорандагони бузург аз пардохти андоз озод шудаанд, ки аз рӯи инсоф нест. «Барномаи мо аслан ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва мушкилоти ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудааст», - гуфт ӯ.
Номзади Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов роҳандозии ислоҳот дар низоми судиро дар сурати пирӯзӣ ваъда карда, бар ин назар аст, ки шахсони синнусоли аз 50-сола болоро мебояд судя таъин намуд, зеро судяҳои ҷавони имрӯза аз таҷрибаи зиндагӣ бархӯрдор нестанд ва ба иштибоҳҳо роҳ дода, ҳукмҳои ғайримунсифона содир менамоянд. Ҳамчунин Исмонов роҳандозии хизматгузории ройгони тиббӣ ва таҳсилро ваъда дода, зикр кард, ки бояд дар макотиби олӣ гурӯҳҳои шартномавӣ баста шаванд.
Толиббек Бухориев, номзади Ҳизби аграрӣ дар барномааш ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши кишоварзӣ ва ба сатҳи шаҳр наздик гардонидани ҳаёти мардуми деҳотро пешбинӣ мекунад.
Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев низ роҳандозии ислоҳоти иқтисодиро дар нақша дорад.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста