Ҳамаи номзадҳо ба ҷуз президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро шахси боэътимодаш намояндагӣ мекунад, субҳи имрӯз ба минтақаи Рашт раҳсипор шуданд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин минтақа номзадҳо ҳамагӣ як вохӯрӣ баргузор мекунанд, ки он бо иштироки интихобкунандагони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт доир мегардад.
«Зимни мулоқот бо интихобкунандагони минтақаи Рашт номзадҳо интихобкунандагонро ба барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуда, доир масоили сиёсӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарраи ҳаёти кишвар ибрози андеша мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, чунин вохӯрӣ пагоҳ, 31-уми октябр бо интихобкунандагони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ доир гардида, рӯзи 1-уми ноябр номзадҳо бо интихобкунандагони шаҳри Хоруғ мулоқот мекунанд ва бо ҳамин вохӯрии номзадҳо ба мақоми президентӣ бо интихобкунандагон ба итмом мерасад.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.
Бо қарори КМИР номзадҳо ба мансаби президентӣ ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ дошта, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад. «Ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста