Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр расиданд.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, варақаҳои овоздиҳӣ барои ҳавзаҳои интихоботӣ бо он забоне чоп мешаванд, ки аксари мардуми ин ё он ҳавзаи интихоботӣ бо он ҳарф мезанад.
«Айни замон 4 млн. 34 ҳазор варақаҳои интихоботӣ бо чор забони зикршуда нашр шуда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуданд ва эмин нигоҳ доштани онро мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Додоев, аксари кулли варақаҳо бо забони тоҷикӣ, ҳудуди 500 ҳазор адад бо забони ӯзбекӣ, 19 ҳазор – бо забони қирғизӣ ба чоп расидаанд. «Барои танҳо интихобкунандагони вилояти Суғд 5 ҳазору 100 адад варақаҳо бо забони русӣ нашр шуданд», - гуфт ӯ, вале дар бораи шумори дақиқи варақаҳо бо забони русӣ маълумот пешниҳод накард.
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста