- Изҳороти беасосу сершумори раиси ҲСДТ нисбати интихоботи президентӣ ба он ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт ва интихобот озодонаву демократӣ ва шаффоф баргузор хоҳад шуд, - гуфт роҳбари дастгоҳи ҚМИР ҶТ Абдуманнон Додоев дар робита ба қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ оид ба таҳрими интихобот.
Ба қавли ӯ, КМИР изҳороти беасоси Раҳматилло Зойировро эътироф намекунад. «Ӯ ба ҳеҷ гунае меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи интихоботро эътироф ва риоя карданӣ нест», - мегӯяд Додоев.
«Зойиров КМИР-ро айбдор мекунад, ки мо номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро ба қайд нагирифтем, вале худаш фаромӯш мекунад, ки ҲСДТ то рӯзи муқрраршуда ҳатто анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор накард, то ки аз номзадии ӯ расман ҷонибдорӣ намояд», - таъкид дошт роҳбари дастгоҳи КМИР.
Ба андешаи Додоев, Зойиров ва ҳаммаслакони сиёсии ӯро зарур аст, ки бори дигар бодиққат меъёрҳои Конститусияи ҷумҳурӣ, қонунҳои дахлдор дар бораи интихобот, ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри иштирок дар он, ҳуқуқҳои довталабон ба мансаби президентиро омӯхта, сипас ягон изҳороте интишор намоянд.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баъди 5 рӯз – 6-уми ноябр баргузор мегардад. Ба мансаби президентӣ 6 нафар номзадҳо доваталабӣ доранд. Дар мониторинги интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз 40 кишвари дунё ширкат меварзанд.
Ба эътиқоди Додоев, то имрӯз ягон нафар нозири байнулмилалӣ ба ҷараёни маъракаи интихобот эрод нагирифтааст. «Аммо Зойиров сару калобаашро гум карда, баъзан чунин ба назар мерасад, ки чӣ хостанашро ӯ худаш ҳам намедонад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста