Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи эълони таҳрим (бойкот) ба интихоботи президентӣ қарор қабул кард. Матни қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар саҳифаи раиси ин ҳизб Раҳматилло Зойиро вдар шабакаи иҷтимоии Facebook интишор гардидааст.
Дар он зикр мегардад, ки Шурои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2013 ҳаматарафа баррасӣ намуда, таъкид менамояд, ки бинобар набудани иродаи сиёсӣ ин маъракаи муҳим бар хилофи Конститутсия ва дар асоси тақаллуби муташаккил баргузор мегардад ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ва демократия будани худро собит намуд.
«Бинобар ин, Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) «Дар бораи таҳрими (бойкоти) интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард», - гуфта мешавад дар матни қарор.
Дар қарор ҳамчунин гуфта мешавад, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013 - ро, ки дар асоси қонуни номукаммал ва ғайриконститутсионӣ, нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, ба хусус, тақаллуби муташаккил дар чамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ, маҳрум кардани зиёда аз якуним миллион муҳочирони корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо, ба қайд нагирифтани О. Бобоназарова, пешниҳод ва бақайдгирии ғайриконститутсионии Э. Раҳмон ҳамчун номзад, вайрон кардани Конститутсия аз ҷониби президенти амалкунанда ҳамчун кафили он, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМИР ва сатҳҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷараён гирифт, ғайриқонунӣ ва қалбакӣ эълом мекунад.
«Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба ҳолати буҳрони конститутсионӣ ворид шуд. Конститутсия, қонун ва ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванди Точикистон беқадр гардид. Бо натиҷагирии раванди интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ба сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва идораи давлатӣ хатар таҳдид мекунад. Бинобар ин натиҷаи интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакиро, ки хилофи Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ мебошад, ҲСДТ эътироф надорад ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба 6 ноябри с. 2013 таъин гардидааст, таҳрим (бойкот) менамояд», - омадааст дар қарор.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста