Аксияи ташкилоти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ «Президенти ман» дар Кӯлобро тағйир дода, вохӯрии ҷавонони ҷонибдори ҲХДТ – донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлобро созмон доданд.
Бино ба маълумоти расида ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», манъи баргузории чорабиниҳои ҳадафнок бо мақсади таблиғоти сарвари давлат аз ҷониби худи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Ба қавли роҳбари Кумитаи ҷавонони ҳизб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Самандар Абдуллоев, беш аз 800 нафар донишҷӯён бидуни аксҳои президент ва танҳо бо шиорҳои ҲХДТ дар даст ба масофаи 2 километр ба назди донишҷӯёни филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб роҳпаймоӣ намудаанд.
«Бо ҳамсолонамон, аъзои ҲХДТ аз наздик шинос шуда, амалҳои минбаъдаи муштаракамонро ҳамоҳанг месозем», - афзуд С.Абдуллоев.
Дар Қурғонтеппа ҳам дар ин рӯз аксияи «Президенти ман» бо иштироки хонандагони мактаб гузашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста