Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкаҳои интихоботи кушода хоханд шуд.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок ва овоздихии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Россия, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баъди эълони санаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ин ҷониб бо мақомоти расмии кишвари иқомат мунтазам дар иртибот аст. Ахиран, ба дархости расмии Сафорат аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия посух расид, ки ҷониби кишвари иқомат ҷихати баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Федератсияи Россия тамоми шароитро муҳайё намуда, ҳамаҷониба мусоидат хохад намуд.
Аз ин рӯ, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославл, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний-Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Красноярск, Благовещенск, Новосибирск, Самара, Пермь, Кишвари Хабаровск, Ҷумҳурии Саха (Якутия) участкахои интихоботӣ кушода хоханд шуд.
Дар хамаи ин участкаҳои номбаршуда маросими овоздиҳӣ аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ баргузор мегардад. Дар ин фосилаи вақти муаяйншуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо таври доимӣ, ё муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст ба участкаи интихоботии наздиктарин ҳозир шуда, райъ диханд. Ҳангоми омадан ба участкаи интихоботӣ бо худ доштани шиносномаи дохилӣ ва ё хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста