Зимни сафар ба Давлати Қатар раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо роҳбари Иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон, яке аз олимони маъруфи ҷаҳони ислом Юсуф Карзовӣ мулоқот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар мулоқот атрофи масоили марбут ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин интихоботи президентии ба рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон таъиншуда табодули назар сурат гирифт.
«Юсуф Карзовӣ аввалин фақеҳи исломист, ки тибқи фатвои ӯ, ба занони мусулмон барои интихоб шудан ба мансаби президент ва вакилони парлумон ҳуқуқ дода шуд», - гуфт муовини раиси ҲНИТ.
Ба қавли ӯ, ҳадафи аслӣ аз сафари Кабирӣ ба Қатар иштирок дар кори Конгресии 19-уми умумиҷаҳонии федератсияи ганбол аст, зеро раиси ҲНИТ раиси Федератсияи гандболи Тоҷикистон мебошад.
«Дар анҷоми сафар Муҳиддин Кабирӣ ба назди ду нафар фарзандаш ба Туркия меравад, ки он ҷо таҳсил доранд ва дар рӯзи интихобот, 6-уми ноябр ӯ дар ҷумҳурӣ ҳузур нахоҳад дошт», - афзуд М.Ҳайит.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста