Имрӯз дар Тоҷикистон як «Рӯзи хомӯшӣ»-и пеш аз маъракаи интихоботи президенти мамлакат фаро расид. Тибқи қонун, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад. Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд, аммо қонунгузории Тоҷикистон паҳн шудани маводи таблиғотии даъват ба овоздиҳӣ ва маводи шарҳу тавзеҳи тартиб ва макони овоздиҳиро манъ намекунад.
Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар буда, нозирони маҳаллӣ дар ҳамаи 68 ҳавзаҳои интихоботии ташкилшуда ба қайд гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин, ба иттилои роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.
Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентии санаи 6-уми июнро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад.
Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста