Нозирон тақрибан як соат аз рафти интихобот дар қитъаи раъйдиҳии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ назорат набурданд. Тавре раиси қитъаи мазкур Рафиқа Мусоева ба Хабаргузории «Азия-Плюс» шарҳ дод, нозирон ҳама ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтаанд.
Айнан ҳамин ҳол дар қитъаҳои иинтихоботии №25 ва 27-и ноҳияи Фирдавсӣ ба назар мерасид. Соати 10:00 курсиҳои нозирони дохилӣ ва хориҷӣ дар ин ду қитъа холӣ буданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд дар қонунгузорӣ дақиқан зикре нарафтааст, ки нозирон қитъаи интихоботиро якҷоя дар рафти интихобот метавонанд тарк кунанд ё не, аммо дар ҳар сурат ин ҳолат аз бесмаъулиятии онҳо далолат медихад, чунки дар як ё ду соати набудани онҳо шаҳрвандон метавонанд ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд ва ин ҳолат аз чашми нозирон дур мемонад.
Вокеан, тавре хабарнигорони «Азия-Плюс» мушоҳида карданд, дар қитъаи интихоботии №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як кабинаи интихоботӣ дар як замон дунафарӣ овоз доданд.
Аммо раиси ин қитъа мегӯяд, агар шахрванд тарзи дурусти пур кардани варақаи овозжиҳиро надонад, ӯро дар рафти раъй нафари огаҳ метавонад ҳамраҳӣ кунад.
Дар навори видеоие, ки дар қитъаи интихобтии №68-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бардошта шудааст, баръало маълум аст, ки 2 мард бо истифода аз чанд варақаи раъйдиҳӣ ба ҷонибдории номзади мавриди писанд овоз дод.
Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи нозирон аз ИДМ Олга Гаврук ва сафири Арманистон дар Тоҷикистон Владимир Бадалян, ҷараёни интихобот бе камбудӣ мегузарад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста