Номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба пирӯзии худ дар интихоботи имрӯзаи президентӣ мутмаин аст.
«Пинҳон намекунам, ки имрӯз ба ҷонибдории хеш раъй додам», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пас аз овоздиҳӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №1-и пойтахт Исмоил Талбаков. Ӯ чунин мешуморад, ки барои сулҳу субот, дӯстиву ваҳдат ва шукуфоии кишвар овоз додааст.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ба пирӯзии худ дар интихобот мутмаин аст, зеро платформаи пешазинтихоботии ӯ ба манфиати мардум нигаронида шуда, халқи заҳматкаш ба ӯ овоз хоҳанд дод.
«Онҳо ба хубӣ огаҳанд, ки танҳо амалисозии барномаи ман мушкилоти онҳоро ҳал месозад ва бовар дорам, ки ба ман овоз медиҳанд. Агар нахоҳанд ҳам, ин ҳуқуқи онҳост, бигзор чӣ гунае, ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанд», - гуфт Талбаков.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста