Номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Исмонов имрӯз соати 09:55 дақиқа ҳамроҳ бо аҳли оилаааш ҷиҳати овоздиҳӣ ба қитъаи интихоботии №2, воқеъ дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе омад.
Исмонов интихоботро демократӣ ва озод номид. «То ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз мушоҳидачиёни ман дар бораи қонуншиканиҳо хабар надодаанд», - иброз дошт ӯ.
Пешвои демократҳо зикр кард, ки ба ғалабаи худ бовар дорад. «Ман номзадии худро пешбарӣ намуда, ба пирӯзӣ мутмаинам. Табиист, ки ман ба ҷонибдории хеш овоз додам», - баён дошт номбурда.
Ба С.Исмонов хотиррасон шуд, ки писараш нияти овоздиҳӣ ба президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро изҳор намуда буд. Посухи ӯ чунин садо дод: «Ман намедонам, ки дар ниҳояти кор писарам ба ҷонибдории кадом номзад раъй дод. Бар ҳар ҳол, ин интихоби шахсии ҳар як инсон аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста