Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард. Аксари кулли овозҳо – 83,6%-ро президенти амлкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.
Ба ҷонибдории номзади Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков – 5%, Ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев – 4,5%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев – 3,8%, Ҳизби состсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров – 1,5% ва Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов – ҳамагӣ 1%-и интихобкунандагон овоз доданд.
Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 35 нафар интихобкунадагон 86,6%-и интихобкунандагон ширкат варзиданд.
Интихоботӣ прзидентӣ соати 14:000-и дирӯз барпошуда шуморида шуда буданд. То ин замон 2 млн. 862 ҳазору 163 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин ҳудуди 68%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. То соати 18:00 бошад, 3 млн. 380 ҳазору 68 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд, ки ин беш аз 80%-и аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Дар саросари кишвар 69 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи дирӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 27 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқии ин давлатҳо 61 қитъаҳои интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз шуд.
Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат варзиданд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд. Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 370 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.
Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда, дар маҷмӯъ 501 нафар нозир ва 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста