Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз эълон гардидани натиҷаи расмии муовини якуми раиси ҲХДТ, раиси Ситоди марказии номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизб Сафар Сафаровро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии интихоботи президентӣ ба аъзои Ситоди марказӣ, ситодҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шахсони боэътимоди номзад, аъзои Фраксияи ҳизб дар парлумони ҷумҳурӣ, кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ арзи миннатдорӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат инчунин изҳори боварӣ кард, ки ҳизбиён чун неруи пешбарандаи ҷомеа ҷиҳати татбиқи Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ва таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб, ки барои таҳкими ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст, мусоидат хоҳанд кард.
Зимнан зикр мегардад, ки муовини аввали Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров президенти мамлакатро итминон дод, ки аъзои ҳизб бо кӯшишу талошҳои садоқатмандона ҳидоятҳои раҳнамунсози сарвари давлатро меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста