Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кэтрин Эштон шароитҳои маҳдуд барои бақайдгирии номзадҳо дар маъракаи интихоботи ахири президенти Тоҷикистонро, ки ба норасоии имконоти интихоб ва гуногунандешӣ боис гардиданд, зикр кард.
Бино ба иттилои сафорати Олмон дар ҶТ, мувофиқи изҳороти котиби матбуотии Намояндаи олии ИА, К.Эштон ҷараёни орому мусолиматомези интихоб дар Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, вале ба талаботи эҷоди мушкилот ҳангоми бақайдгирии номзадҳо ишора намудааст.
Гуфта мешавад, К.Эштон бодиққат маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон наззора карда, бахусус ба сатҳи иштироки аҳзоби мухолиф дар марҳилаи пешазинтихоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба интихоботи озод, демократӣ, фарогир ва шаффоф даъват намуда, нақши озодии ВАО ва озодии баёнро таъкид дошта буд.
«Намояндаи олӣ аз он изҳори таассуф мекунад, ки тавсияҳои пешинаи Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон амалӣ нагардиданд ва бори дигар даъват мекунад, ки ин тавсияҳо мавриди истифода қарор дода шаванд», - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин Эштон аз ҳукуматдорони тоҷик даъват мекунад, ки бо маҳдудият ва қонуншиканиҳое, ки дар иттилоияи пешакии САҲА/ДИДҲБ зикр шуда буданд, пурсамар муборизаро ба роҳ монад. «ИА омода аст, ки Тоҷикистонро дар кӯшишҳо барои ба мутобиқат овардани интихобот мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байнулмилалии интихоботи демократӣ дастгирӣ намояд», - иброз доштааст намояндаи Иттиҳоди Аврупо.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳолатҳои ба ин монанди маъракаи ахири интихоботи президенти Тоҷикистон аз ҷониби САҲА/ДИДҲБ ва Департаменти давлатии ИМА мавриди интиқод қарор гирифта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста