Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ба муносибати аз нав ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ӯ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии сарвари давлати Арманистон зикр мегардад, ки натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида нишонаи эътибори баланд ва таҷрибаи ғании Шумо дар кори давлатдорӣ ҷиҳати рушди устувори кишвар, таҳкими сулҳу оромӣ дар ҷомеа ва баланд гардидани нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
«Аминам, ки муносибатҳои дӯстӣ миёни мардуми кишварҳоямон, инчунин талошҳои муштарак ҷиҳати ҳамкории фаъол ва ҳусни тафоҳум, таҳкими равобит дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ИДМ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои иқтисодиву гуманитарӣ нақши арзанда хоҳанд гузошт», - гуфта мешавад дар барқия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста